12 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск баргузор гардид, иштирок кард.
Дар рафти ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои ишитрокдори ИДМ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд.
Зимни суханронӣ С.Муҳриддин қайд намуд, ки соли 2025 марҳилаи аввали татбиқи стратегияҳои рушди бахшҳои гуногуни ҳамкориҳо, ки панҷ сол қабл аз ҷониби роҳбарони кишварҳои Иттиҳод қабул шуда буд, ба анҷом мерасад. Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки таҳлили фосилавии иҷрои муқаррароти нақшаҳои чорабиниҳо оид ба татбиқи стратегияҳои қабулшуда гузаронида шавад.
Ҳамзамон вазир иттилоъ дод, ки дар ҳошияи ҳамкориҳо бо ИДМ дар Тоҷикистон давоми соли 2024 баргузории Форуми байналмилалии ихтиёркорон (волонтёрон), Форуми байналмилалии ҷавонон, Истироҳатгоҳи таълимии тобистона, ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ, Анҷумани панҷуми олимон ва нишасти Шурои олимони ҷавон дар назар аст.
Дар заминаи баррасии масоили амниятӣ С.Муҳриддин қайд кард, ки кишварҳои ИДМ бо чолишҳои бесобиқа рӯ ба рӯ гашта истодаанд. Вазир аз кишварҳои Иттиҳод даъват ба амал овард, ки ҷиҳати боз ҳам такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқии ИДМ дар соҳаи амният чораҳои муассиртар андешанд, инчунин оид ба зарурати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Маркази зиддитеррористии ИДМ таъкид намуд.
Аз натиҷаи ҷаласаи ШВКХ як қатор изҳороти муштарак қабул гардида, қарорҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳошияи Иттиҳод равона карда шудаанд, ба имзо расиданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan