11 апрели соли 2024 таҳти ҳамоҳангии намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева ва бо иштироки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷорабинии идона баргузор гардид.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар ш. Женева Шараф Шерализода ҳамчун ҳамоҳангсози ҷашни Наврузи байналмилалӣ дар соли 2024 иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозирини чорабиниро ба муносибати Иди Наврӯз табрик намуда, таърих ва аҳаммияти ин ҷашни ниёгонро барои эҳё ва ҳифзи ҳуввият ва арзишҳои миллии Тоҷикистон ва минтақаи Наврӯз қайд кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan