Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

01.03.2013 10:10

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии онҳо таъсис дода шуд. Иттиҳод (ИДМ) дар марҳилаи кунунӣ ба сифати фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв, роҷеъ ба муҳокимаю баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи аввали таъсисёбии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои заминавии онро эътироф менамояд ва мушорики фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад.

Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокдори ИДМ аҳамияти вежа медиҳад. Аз замони таъсиси Иттиҳод, давлатҳои узв пояи устувори ҳуқуқӣ ташкил додаанд, ки имкони дар фосилаи кӯтоҳ аз бӯҳрони системавӣ баромадан ва сабаби рушди иқтисод ва тавсеаи савдои мутақобиларо фароҳам намуд.

Дар доираи ИДМ Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии (20 июни с.2000) Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои иштиродори ИДМ, дар кори он иштироки фаъол менамояд.

Дар шаҳри Душанбе мунтазам ҷаласаҳои мақомоти олии низомномавии давлатҳои ИДМ доир мегардад, аз ҷумла, 5 октябри соли 2007 нишасти навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Маҳз дар ҷаласаи Душанбе санадҳои муҳим, аз ҷумла Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва амалисозии он қабул гардиданд.

Моҳи сентябри соли 2011 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои ИДМ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Зимни он ҷаласа ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ИДМ изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърӯзаи таҳлилии “Ҷамъбасти фаъолияти ИДМ дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда” ва нақшаи байнидавлатии “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод” муҳокима карда шуданд.

Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон раисиро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ӯҳда гирифт ва 28 сентябри соли 2018 ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ доир гардид.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ҳамкории давлатҳо дар доираи Иттиҳод, аз ҷумла таъмини амният ва андешидани тадбирҳои фаврӣ бо мақсади мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосири глобалӣ, терроризм ва экстремизм, транзити маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини амният дар самти ҷанубии Иттиҳод ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

 

Нақши муҳимро дар ҳамшарикии гуногунҷанбаи давлатҳои ИДМ, ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебозад. Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокдори ИДМ мебошад. Моҳи майи соли 2006 дар Душанбе зимни нишасти Сарони ҳукуматҳо Бунёди байнидавлатии ҳамкорихои гуманитарӣ таъсис гардидааст.

Тоҷикистон фаъолияти Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ (ШҲГ) ва Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ-ро (ФБҲГ) ҷонибдорӣ менамояд. Шаҳри Душанбе мизбони ду нишасти муштараки Шӯрои гуманитарии ҳамкорӣ ва Раёсати Фонди байнидавлатии гуманитарии ҳамкорӣ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусгари пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ мебошад.

Бо дастгирии ФБҲГ дар доираи ҷашнвораи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо се забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои ИДМ тақсим гардид. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаббачагони давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба табъ расид. ФБҲГ аз силсилаи “Адабёти классики ИДМ” (Классика литератур СНГ), ду ҷилди онро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кард.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 28 сентябри соли 2018 «Қарор дар бораи татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021» қабул гардид. Рӯзи 22 ноябри соли 2020 эстафетаи Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди 2021 ба Душанбе супорида шуд.

Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барномаи байнидавлатии мазкур Нақшаи чорабиниҳоро доир ба татбиқи он таҳия ва амалӣ кард.

Тоҷикистон дар доираи созмони минтақавии ИДМ, ба таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ байни давлатҳои узв, ки дар заминаи усулҳои эҳтиром ва татбиқи самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ бунёд шудааст, аҳамияти муҳим медиҳад.

 

 


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим