7 апрели соли 2024 мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдулло Алӣ Абдулло ал-Яҳё доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуда, зарурати роҳандозии сафарҳои сатҳи олию баландро таъкид намуданд.
Дар ин замина, омодагии ҳарду ҷониб ҷиҳати баргузории чорабиниҳои муштараки аҳаммияти байналмилалидошта иброз гардид.
Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan