Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) созмони
байналмилалӣ-минтақавӣ буда, 7 октябри соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз 15 майи соли 1992) таъсис дода шудааст. Кишварҳои узви СААД Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
СААД созмони ҳарбӣ-сиёсӣ ба ҳисоб рафта, хусусияти мудофиавӣ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзоёни нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошанд, кушодааст. Созмон дар асоси эҳтироми истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои узв, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои узв вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв, ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Созмон эътироф карда шудаанд ва ҷиҳати дастёбӣ ба онҳо, кишварҳои узви Созмон ба истифодаи воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд. Давлатҳои узви СААД мавқеи сиёсати хориҷии худро нисбати мушкилоти амнияти байналмилалию минтақавӣ мувофиқа ва ҳамоҳанг карда, пеш аз ҳама аз абзорҳои машваратӣ истифода мебаранд ва саъю кӯшишҳои худро дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ, аслиҳа, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ дар минтақаи масъулияташон муттаҳид месозанд.
СААД тибқи оинномаи Созмон аз сохтори зерин иборат аст:
- Шурои амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) – мақоми олии Созмон буда, аз сарони давлатҳои узв иборат аст. Масъалаҳои бунёдии фаъолияти Созмонро баррасӣ намуда, қарорҳоеро қабул менамояд, ки ҳадаф ва вазифаҳои онро амалӣ мекунанд, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва фаъолияти муштараки кишварҳои узвро барои расидан ба ин ҳадафҳо таъмин менамояд. Ҷаласаҳои ШАД дар давлатҳои аъзои Созмон дар ҳолати зарурат ва бо навбат на камтар аз як маротиба дар як сол баргузор карда мешаванд;
- Шурои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ) – мақоми машваратӣ ва иҷроияи Созмон оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаи сиёсати хориҷӣ мебошад;
- Шурои вазирони мудофиа (ШВМ) – мақоми машваратӣ ва иҷроияи Созмон оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои узв дар соҳаи сиёсати ҳарбӣ, рушди иқтидори ҳарбӣ ва ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ мебошад.
- Кумитаи котибони шуроҳои амният (ККША) – мақоми машваратӣ ва иҷроияи Созмон оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои узв дар соҳаи таъмини амнияти миллии онҳо мебошад;
- Ассамблеяи парлумонӣ – мақоми ҳамкориҳои байнипарлумонии Созмон буда, масъалаҳои фаъолияти ҳуқуқии СААД дар соҳаи масъулияти Созмон ва иҷрои қарорҳои мақомоти оинномавиро баррасӣ менамояд. Ҳамзамон тасдиқшавии шартномаҳои байналмилалиро, ки дар доираи СААД баста шудаанд, пайгирӣ мекунад.
- Шурои доимӣ – мақоми ба таври мунтазам амалкунандаи Созмон буда, масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои узвро ҷиҳати татбиқи қарорҳои қабулкардаи мақомоти СААД дар давраи байни ҷаласаҳои Шурои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаҳои мақомоти оинномавии Созмон таъмин менамояд. Он аз намояндагони доимӣ иборат аст, ки аз ҷониби давлатҳои узв мувофиқи расмиёти дохилидавлатии онҳо таъйин карда мешаванд.
Мақомоти кории доимамалкунандаи Созмон:
- Котиботи СААД – мақоми доимамалкунандаи кории Созмон буда, аз тарафи дабири кулли Созмон роҳбарӣ мегардад ва бо мақсади таъмини фаъолияти ташкилотӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии сохторҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъсис гардидааст.
- Ситоди муттаҳидаи СААД – мақоми доимамалкунандаи кории Созмон ва Шурои вазирони мудофиаи СААД буда, барои омода намудани пешниҳодҳо ва татбиқи қарорҳои СААД оид ба ҳамкории ҳарбӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар баробари мақомоти доимӣ барои ҳалли масъалаҳои дар назди Созмон истода, мақомоти ёрирасон метавонанд ба таври доимӣ ё муваққатӣ таъсис дода шаванд.
Қобили зикр аст, ки 2 декабри соли 2004 Маҷмаи Умумии СММ қатънома дар бораи ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ додани мақоми нозир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро қабул намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкории фарогирро бо ҳамёрони худ ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мешуморад ва узвияташро дар СААД посухгӯ ба манфиатҳои миллӣ медонад. Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин Созмон ҳадафи эҷоди василаҳои самарабахши мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, узвияти кишвар дар Созмон аз омилҳои муҳими таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи субот дар минтақа маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвар-асосгузори СААД, дар тули таърихи фаъолияти Созмон барои густаришёбӣ ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаҳои масъулияти СААД саҳми назаррас гузоштааст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон солҳои 2003, 2007, 2015 ва 2021 раёсатро дар СААД ба уҳда дошт.
Қобили қайд аст, ки дар давраи ин раёсат Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар солҳои 2020-2021-ро таҳия шуда, аз ҷониби Президенти кишвар тасдиқ гардида буд.
Соли 2022 СААД 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмонро ҷашн гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгироии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзои СААД ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои узв, инчунин таъмини амнияти минтақаҳои амнияти дастаҷамъиро аз таҳдиду хатарҳои анъанавӣ ва ҷаҳони муосир вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад. Ҳамзамон рушди созандаи ҳамкориҳои СААД бо СММ, САҲА, СҲШ ва ИДМ самти авлавиятнок маҳсуб мегардад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо дар доираи СААД дар бахши Афғонистон мавқеи вежа дорад. Дар ин самт Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД фаъолият менамояд ва рӯзномаи кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро мунтазам баррасӣ мекунад.
Дар илова бар ин бояд зикр кард, ки 28 ноябри соли 2024 аз натиҷаи иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъӣ сарони давлатҳои узви Созмон Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ намуданд. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур – расонидани ёрӣ дар таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба шумор рафта, он интиқоли яроқу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии муҳофизати сарҳад ба Тоҷикистонро дар назар дорад. Татбиқи Барномаи мақсаднок барои 5 сол (то соли 2030) пешбинӣ гардида, ба се марҳила тақсим шудааст. Татбиқи Барномаи болозикр дастоварди шоистае дар самти ишитироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд.
09.04.2025