22 марти соли 2024 дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: муттаҳид сохтани талошҳо, нигоҳ доштани суръати пешравиҳо” дар Ню-Йорк, мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гашт.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, вазъи амниятӣ дар минтақа, пайгирии раванди татбиқи барномаҳои марбута ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Баргузор намудани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” аз масъалаҳои мубрами вохӯрӣ ба ҳисоб мерафт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan