22 марти соли 2024 дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: муттаҳид сохтани талошҳо, нигоҳ доштани суръати пешравиҳо” дар Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (UNDESA) Ли Ҷунхуа баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба обу иқлим, аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе ва инчунин иқдомҳои муштарак дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати ҷоннок намудани абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва густариши фаъолиятҳо дар масоили марбут ба обу иқлим таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин ҷузъиёти тадорукотии 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (10-13 июни 2024, Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари UNDESA аз ҳамкории тулонии муваффақ бо Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, омодагии ниҳоди худро барои идомаи ин равобит таъкид намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan