Иштирок дар ифтитоҳи намоишгоҳи либосҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ

19.03.2024 03:38

15 марти соли 2024 дар шаҳри Туни Конфедератсияи Швейтсария сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар маросими ифтитоҳии Намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ, сафир оид ба дастовардҳои миллӣ, фарҳанг ва тамаддуни куҳани мардуми тоҷик, аз ҷумла ворид гардидани мавзеи таърихии “Саразм” ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ва “Анъанаи Бофтани Атласу Адрас”, “Санъати Чакандӯзӣ”, “Ҷашни Наврӯз”, “Мусиқии Фалак” ва “Шашмақом” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, инчунин оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумотро манзури иштирокчиён намуд.

Намоишгоҳи мазкур аз 15 март то 1 апрел идома меёбад.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим