15 марти соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Николаас Схермерсро қабул кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи об табодули назар карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Нидерландро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan