14 марти соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Бенин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Москва) Акамбӣ Андре Акунлола Биауро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири навтаъйини Ҷумҳурии Бенинро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan