Муовини якуми вазир нусхаи эътимодномаи cафири Ҷумҳурии  Колумбияро пазируфт 

14.03.2024 14:45

14 марти соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насредин Исматулло нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Москва) Эктор Исидро Аренас Нейраро қабул намуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Колумбия, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

И. Насредин Сафирро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим