Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон

06.03.2024 13:47

06.03.2024.13.50.jpg

5 марти соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд. 

Ҳамзамон оид ба масъалаҳои доғи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз ҷумла вазъи кунуни дар Фаластин мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим