Мулоқот бо мудири кулли Фонди кувайтӣ

28.02.2024 11:57

28.02.2024.11.53.jpg

27 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар доир гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, афзоиш додани саҳми Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ва иншооти муҳимми кишвар, иштирок дар 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим