12 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Яковенко баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои судманд дар доираи барномаҳои таълимии бакалавриат, магистратура ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ дар Академияи дипломатӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба идомаи ҳамкорӣ дар самти муҳайё намудани шароити муносиб барои корҳои илмӣ-таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ гардид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan