ШАРИФЗОДА ФАРРУХ ҲОМИДДИН
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 декабри соли 1974 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатиии сафири фавқулода ва мухтор дорад.
Маълумот:
Соли 1997 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва соли 2000 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1992-1995 – хизмат дар мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1995-1997 – хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1997-1998 – муовини сардори раёсати шартномавӣ–ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1998-2000 – шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия;
Солҳои 2000-2005 – котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ш.Москва;
Солҳои 2005-2007 – котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ш.Москва;
Солҳои 2007-2008 – муовини сардори раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 2008-2010 – консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбурги Федератсияи Русия;
Солҳои 2010-2016 – сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия;
Солҳои 2017-2023 – сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, ш.Ашқобод.
Аз 5 январи соли 2024 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Забонҳои русӣ, туркӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.