26 январи соли 2024 дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарии сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, донишҷӯён, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия иштирок карданд.
Зимни суханронии хеш роҳбари намояндагии дипломатӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Русия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Русия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.
Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда, таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шурои ҷамъиятӣ шунида шуд.
Инчунин, дар доираи ҷаласаи Шуро маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол-2023” доир гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз донишгоҳҳои гуногуни Русия иштирок намуданд.
Дар ин замина қайд гардид, ки чорабинии имрӯза ба таври возеҳ собит месозад, ки ҷавонони тоҷик истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатро қадр намуда, барои гузоштани саҳми муассири худ дар рушди фарогири минбаъдаи Тоҷикистон омода мебошанд.
Сипас, ба 22 нафар ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол-2023” барои ишғоли ҷойҳои 1, 2 ва 3 бо диплом ва ҷоизаи пулӣ ва ба 17 нафари дигар сипосномаҳои Сафорат супорида шуд.
Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як гуруҳ фаъолони диаспораи тоҷикони муқими Русия бо сипосномаҳои Сафорат барои саҳми арзанда ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan