26 январи соли 2024 Исматулло Насрединро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ, бинобар ба итмом расидани муҳлати хизмати дипломатиаш ҳамчун сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзандаи Исматулло Насредин баҳри густариши робитаҳои ду кишвари дӯсту бародар, изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки дар давоми фаъолияти сафир дар ин кишвар ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳо комёб шуданд. Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Исматулло Насредин барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Покистон ба вазири корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan