Бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳо бо минтақаҳои шимоли Олмон 18 январи соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов аз музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн боздид ба амал овард.
Имомуддин Сатторов дар пойтахти Шлезвиг-Ҳолштайн шаҳри бандарии Кил бо Сарвазири ин устони федеролӣ Даниел Гюнтер мулоқот анҷом дод.
Тақвияти равобити минбаъда миёни Тоҷикистон ва Шлезвиг-Ҳолштайн, бахусус дар бахшҳои иқтисод, манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир, илму маориф, фарҳанг ва муҳоҷират мавриди баррасии тарафҳо қарор доштанд.
Дар вохӯрӣ бо ноиби Президенти Донишгоҳи Кил ба номи Кристиан Албрехтс (Christian-Albrechts-Universität zu Kiel) профессор Ралф Шнайдер ба барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин табодули донишҷӯён тамаркуз карда шуданд.
Сафир ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар риштаҳои ҷуғрофия ва геология дар ин боргоҳи илм таҳсил мекунанд, суҳбат орост. Аз донишҷӯён даъват шуд, ки ба омӯзиши амиқи илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ диққати бештар диҳанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan