15 январи соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо ваколатори вижаи Ҳукумати Федеролии Олмон дар умури созишномаҳои муҳоҷиратӣ Йоахим Штамп дидору гуфтугӯ намуд.
Аснои суҳбат роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар самти муҳоҷират, баимзорасонии санадҳои марбутаи соҳавӣ, ҳамчунин ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тарафҳо барои татбиқи иқдомҳои муштараки баъдӣ изҳори мувофиқат карданд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan