20 декабри соли 2023 вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот мавзуъҳои вобаста ба мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла дурнамои рушди ҳамкориҳо ва ташкил намудани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ва маблағгузории он табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan