15 декабри соли 2023 дар ш. Минск ҷаласаи 35-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ташхиси (инвентаризатсияи) заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии санадҳо дар доираи ИДМ, таҷрибаи кишварҳои ИДМ оид ба мониторинг ва гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба санадҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои актуалии маърузаи кори Кумитаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan