7 декабри соли 2023 сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо котиби давлатии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Томас Баггер мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон мубодилаи афкор карданд.
Ҳангоми муҳокимаи роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи хоса ба амалӣ намудани ташабусҳои вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар сиғаи С5+1 зоҳир гардид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барпо гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan