Муносибатҳои Тоҷикистон бо Эстония

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония  3 феврали соли 2006 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония (бо қароргоҳаш дар Минск) Маҳмадшариф Ҳақдод мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Нур-Султон) Ҳейти Мяемеэс мебошад.

Соли 2009 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Эстония баргузор гардид.

Соли 2013 сафари Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.      

Дар муносибатҳои муосир алоқаи байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.


 

Нигористон

Тақвим