Муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия  5 июни соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошканд) Ярослав Сиро мебошад.

Аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои ҳарду кишвар боздидҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Чехия дар солҳои 2002, 2004 ва 2016 мебошад, ки ба муносибатҳои ду кишвар такони тоза бахшиданд.

Соли 2014 дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба шаҳри Сочӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия ҷаноби Милош Земан баргузор гашт.

Соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Милош Земан ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Соли 2016 дар Прага ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ доир гардид.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чехияро 13 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, илму техника, тандурустӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ташкил менамояд.

Нигористон

Тақвим