
24 ноябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бургузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, Парчам ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба арзиши муқаддаси маънавии ҷомеаи тоҷикон табдил ёфта, дар тақвияти ҳисси ифтихор ва худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои давлатдорӣ, сарҷамъ ва муттаҳид гардонидани мардуми Тоҷикистон саҳм гузоштааст.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan