16 ноябри соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи тақдиросози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии хеш вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зикр намуд, ки имрӯз бо сипосу шукргузорӣ метавон ба вижа таъкид кард, ки 16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат, пешвои ҳақиқии тоҷикон ва шахси тақдирсозу кафили сулҳу субот дар кишварамон рӯи корзори сиёсӣ омад.
“Хушо, ки меъмори кохи ваҳдати бегазанд тавонист кишварро аз вартаи ҷангу ҷаҳолат раҳо ва мардуми соҳибтамаддунро ба асли хеш баргардонид, ҳидоят ба масири рушду умед ба фардо нек кард.
Маҳз ба ҳамин хотир мо имрӯз, аз он мефахрем, ки дарси ватанхоҳиву ҷасорат, хидмати содиқона ба мардум аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтем, ки ӯ дар ҷодаи сиёсат аз миёни мардум бархоста азми наҷоти Меҳан ва мубориза барои пойдории давлат ва таъмини ҳастии миллат кард!
Пешвои мо тамоми неруи созанда ва иродаи матини хешро баҳри таъмини сулҳ, баргардондани фирориён ба Ватан ва ҳифзи Тоҷикистон ба сифати як давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон равона кард!”- афзуд С. Муҳриддин.
Ҳамчунин изҳор гардид, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, Тоҷикистон дар зарфи беш аз 30 сол бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатию дӯстӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилалию минтақавӣ гардид. Нақши давлати мо махсусан дар созмонҳои бонуфуз зимни ҳалли масъалаҳои мубрами аҳамияти ҷаҳонию минтақавӣ дошта, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологию иқлим, муассиру созанда арзёбӣ мегардад. Барои мо боиси ифтихор аст, ки аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро дар масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намуда, дар ин масири созандагӣ бо мо ҳамёри боэътимод гардидаанд.
Ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз ибтидо пайгирона ва устуворона сурат гирифта, ҳоло ба як марҳалаи мутавозин, озмоишёфта ва қобили дурнамои нек расидааст.
Бо такя ба унсурҳои давлатдорию тамаддунофарии миллати куҳанбунёдамон, меҳвари муносибатҳои имрӯзаи моро низ, ҳусни ҳамҷаворию робитаҳои самимонаи дӯстона бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик ташкил медиҳад.