Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Москва 

10.11.2023 17:45

9 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва  бахшида ба 1165-солагии Сардафтари  адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори Русия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Россия иштирок намуданд. 

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр  Рӯзи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс ба таври бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ин шоири забардаст чорабиниҳои идона, маҳфилҳои адабӣ ва ҳамоишҳои илмӣ-адабӣ баргузор мешаванд.

Қайд шуд, ки барои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мояи ифтихори бузург аст.

Дар назди ҳозирин, инчунин проректори Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия  Немировченко Полина суханронӣ кард. Мавсуф роҷеъ ба робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия ибрози назар кард.

Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Аӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.

Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз саҳнаҳои театрикунонидашуда, таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, рақсҳои мавзуну дилнишин пешкаш гардид. 

Донишҷӯёни макотиби олии Русия аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд.

 

Official pages of the Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan in social media:

We are in Facebook: www.facebook.com/mfa.tj

We are in Twitter: twitter.com/MOFA_Tajikistan

We are in Instagram: instagram.com/mfa_tjk

 

Нигористон

Тақвим