9 ноябри соли 2023 cафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Комиссаров Алексей Геннадиевич мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат мусоҳибон ба масъалаи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф миёни мактабҳои олии Тоҷикистон ва муассисаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҷеъ ба омода кардани мутахассисон, роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик табодули афкор сурат гирифт.
Қобили қайд аст, ки айни ҳол дар муассисаи мавриди назар 267 нафар донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Қисми зиёди онҳо дар раванди таҳсил ва фаъолияти илмӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда, дар ҳаёти ҷамъиятию мадании Академия саҳми арзанда мегузоранд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan