1 ноябри соли 2023 дар Ашхобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷониби Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфта шуд.
Дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов расонид.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи вежа ба татбиқи амалии тавофуқоте, ки зимни сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон баҳори солӣ ҷорӣ ҳосил шуд, зоҳир гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan