31 октябри соли 2023 дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи Форуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин бо дабири кулли САҲА Ҳ. Шмид вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan