Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус

27.10.2023 16:57

27 октябри соли 2023 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченко доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ ва дурнамои равобити байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.

Самаранокии баланди ҳамкории фаъоли гурӯҳҳои дӯстии палатаҳои поёнии парлумонҳои Тоҷикистону Беларус таъкид шуда, ба таҳкими ҳамкориҳо ва фаъол гардонидани кори он ба нафъи давлату халқҳои ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ гардид.

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим