26 октябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо раиси Меҷлиси Туркманистон хонум Дунягозел Гулманова доир гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аҳаммияти рушди дипломатияи парлумониро, ки воситаи боэътимод ва муассир дар амиқсозии муносибатҳои байнидавлатӣ маҳсуб меёбад, қайд карданд.
Ҳамзамон фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркманистон таъкид гардида, ба таҳкими ҳамкориҳо ва фаъол гардонидани кори он ба нафъи ду кишвар ва халқҳои ду кишвар, ҳавасмандӣ изҳор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan