Иштироки муовини вазири корҳои хориҷӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд

26.10.2023 17:29

26 октябри соли 2023 дар шаҳри Минск Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Амнияти Авруосиё: воқеият ва дурнамо дар ҷаҳони тағйирёбанда” кори худро ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласаи пленарии сатҳи баланд муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ суханронӣ ва мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мубрами амният дар фазои Авруосиё иброз дошт. Ӯ инчунин иштирокчиёнро бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният равона гардидаанд, шинос намуд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим