Вохӯрии консули генералӣ бо губернатори кишвари Красноярск

20.10.2023 12:23

19 октябри соли 2023 дар шаҳри Красноярск вохӯрии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо губернатори кишвари Красноярск Котюков Михаил баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.

Ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ консули генералӣ пешниҳод намуд, то миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишвари Красноярск вохӯриҳо танзим карда шуда, барои ширкат дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байналмилалӣ, мусоидат карда шавад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим