6 октябри соли 2023 дар Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Дафтари СММ дар Вена Идибек Қаландар бо намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои созмони мазкур ва абзорҳои дахлдори минтақавию байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan