Ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон

06.10.2023 11:04

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 5 октябри соли 2023 дар бинои Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон маросими ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Зимни суханронии худ cафири кишвар Х. Ибодзода оид ба эҳё, рушд ва шукуфоии мероси фарҳангии тоҷикон суханронӣ намуда, ҳамчунин қайд кард, ки ҳадаф аз таъсиси гӯшаи мазкур шиносоӣ бо фарҳанги мардуми тоҷик, расму ойин, анъана ва асбобҳои мусиқӣ мебошад.

Дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Остона сузанӣ, созҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ аз атлас, гулдузӣ, чакан, чӯбҳои кандакорӣ, расмҳои манзараҳои Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим