Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон 21 октябри соли 1992 барқарор шудаанд.
Тоҷикистон ва Арманистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд оид ба доираи васеи масъалаҳо манфиатдоранд. Ҳар ду кишвар доир ба аксари мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи муштарак доранд ва ибтикори якдигарро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ ва СААД, дастгирӣ мекунанд.
2-3 апрели соли 2002 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расиданд, ки муҳимтарини онҳо Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон мебошад.
25-26 ноябри соли 2003 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи сармоягузорӣ, илм, технология, иттилоот, сохтмон ва ҳифзи муҳити зист ба имзо расиданд.
Соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арманистон сафари корӣ анҷом дод.
14-15 июли соли 2017 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Арманистон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоти дуҷониба ва натиҷаҳои сафари расмӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардид ва 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
27 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нассоҷӣ ва маъданӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир ба саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли заргарӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, таъмини молия ва хизматрасониҳои бонкӣ, идоракунии энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ аз самтҳои калидии иборат буда, зиёда аз 30 ҳуҷҷатро фаро мегирад.
Бо мақсади густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки ҷаласаи сеюми он 13-14 июли соли 2017 дар Ереван баргузор гардид.
Дар тӯли солҳои истиқлолият ҷонибҳо барои барқарор ва густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ байни корхонаҳои ҳарду ҷониб чораҳои фаъол андешидаанд.
3 апрели 2021 дар Москва дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Ара Айвазян сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Арманистон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.