Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Нидерланд

23.09.2023 11:30

2309,2023,11,31.jpg

22 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд Ҳанке Бруинс Слот мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Нидерланд, аз ҷумла натиҷаи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) муҳокима намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим