Сафари кории cафири Тоҷикистон ба вилояти Калинингради Федератсияи Русия

23.09.2023 10:41

21-22 сентябри соли ҷорӣ cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Калинингради Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи ин сафар сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград Антон Алиханов мулоқот кард.

Зимни суҳбат, ки дар фазои гарму дӯстона сурат гирифт, доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои маориф ва илм, сайёҳӣ, тандурустӣ, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифта, инчунин ба робитаҳои ҳамаҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати намояндагони вилояти Калининградро барои ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват кард.

Худи хамон рӯз роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо роҳбари Маъмурияти шаҳри Калининград Елена Ивановна Дятлова мулоқот анҷом дод.

Сафири Тоҷикистон дар доираи сафари худ инчунин бо Директори филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Михаил Плюхин, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин донишгоҳ мулоқот анҷом дод.

Ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар назди донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар мавзӯи дипломатия ва дигар масоили марбут ба робитаҳои байналмилалӣ суханронӣ кард.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон Д.Гулмаҳмадзода бо донишҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанон ва фаъолони диаспораи тоҷикони муқими вилояти Калининград баргузор гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим