Муносибатҳои Тоҷикистон бо Давлати Қатар

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 13 декабри 1994 барқарор шудаанд.

Моҳи ноябри 2012 Сафорати Давлати Қатар дар Душанбе ва моҳи майи 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Соҳибзода Хисрав ва Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдуллоҳ мебошанд.

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи 2007 саҳифаи нав кушод. Далели ин гуфтаҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон августи 2007 — аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Баргузории сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қатар 5–7 феврали 2017 бо даъвати Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва музокироти сатҳи олӣ дар Давҳа ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ абзори машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои вазирон, муовинони вазир ва роҳбарони раёсатҳо таъйин шудааст.

Сафари кории Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Душанбе рӯзҳои 14-15 июни 2019 ҷиҳати иштирок дар Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва музокироти расмии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдод дар раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ арзёбӣ мешавад.

Байни ду кишвар 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ ба имзо расидааст.

Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникию илмӣ байни ду кишвар амал мекунад. Ҷаласаҳои он октябри 2012 дар Душанбе, 30 январ то 3 феврали дар Давҳа ва  30-31 августи 2018 дар Душанбе баргузор гардиданд.

Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари расмии Амири қаблӣ Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи Диёри Душанбе ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад.

Нигористон

Тақвим