Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ 

13.09.2023 19:15

13 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

 Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохурии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва  ҳамоҳанг намуданд.  

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ омодагии кишварҳои минтақаро ба ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъкид кард. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлатҳои минтақа ҳамеша хоҳиши муштарак ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар тамоми соҳаҳоро доранд, ташаббусҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда пеш мебаранд, инчунин барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо саъй мекунанд. 

С.Мухриддин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастгириҳояшон ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар давраи раёсати он дар механизми Ҷаласаҳои машваратӣ дар солҳои 2022-2023, аз ҷумла баргузории 16 чорабинии канорӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, изҳори сипос кард. 

Вазирон якдилона бар ин назар буданд, ки ҳамкории доимӣ ва манфиатдор дар доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз кафили расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштараки кишварҳои бародарии Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим