Муносибатҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ

01.03.2013 10:10

22 феврали 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январи 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барасмият шинохт.  

Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри 2008 кушода шуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабситони Саудӣ ва Намояндаи доими  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ - Заробиддин Қосимӣ.

Сафорати Шоҳигарии Саудӣ дар Душанбе соли 2010  ифтитоҳ ёфт. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Шоҳигарии Арабситони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –Абдулазиз Муҳаммад Албодӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба (солҳои 1997, 2001 ва январи 2016) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боздиди расмӣ ба амал овард.  Дар рафти ин сафарҳо мулоқоту музокироти Сарвари Тоҷикистон бо Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ҳамчунин дигар шахсони воломақоми он кишвар доир гардиданд.

Дар мавриди тамосҳои сатҳи баланди сиёсӣ ишора намудан ба боздидҳои расмии собиқ Вазири корҳои хориҷии ШАС Амир Сауд ал-Файсал аз Тоҷикистон соли 1992, собиқ Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳ.Зарифӣ ба Риёз 2007, Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов ба Арабистони Саудӣ 30 март - 1 апрели 2014, ҳамчунин,боздиди Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз Риёз (25 январи 2015)бамаврид аст.

24-26 майи 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.                                      

20 майи 2017 дар РиёзСаммити кишварҳои арабию мусулмонӣ ва Америка баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, суханронӣ карданд ва бо якчанд сарони кишварҳои мусалмонӣ мулоқот анҷом доданд.

Заминаи қарордодиву аҳдномавии муносибатҳои байни ду кишварро 11 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкориҳо таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкоронҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкориҳои сектори хусусии ду кишвар таъсис ёфт.

Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳими тақвиятиҳамкориҳо ба ҳисоб мераванд. 5-9 май 2018 Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон доир гардид.

01.08.2019

Нигористон

Тақвим