Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

07.09.2023 16:21

 

 

7 сентябри соли 2023 ба ифтихори 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинии тантанавиро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

Ӯ дар суханронии худ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаю прагматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар  дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судмандро бо давлатҳои ҷаҳон барқарор кард, балки бо  татбиқи дипломатияи  хосси худ, ки ба ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ба ҳайси як кишвари фаъол, ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шуд.

Инчунин зимни чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба кормандони Вазорат аз номи Роҳбари Олии кишвар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд. 

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ кабул шуданд, баргузор гардид. 

Матни суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

Ҳамкорони гиромӣ,

Дар ин рӯзҳои фараҳмандию нишот, ки мо дар арафаи ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ҳамаи шумо ва ҳамкорони дар хориҷи кишвар фаъолият доштаро ба ин муносибат самимона табрику таҳният мегӯям!

Инак, 32 сол аст, ки Тоҷикистони соҳибихтиёр бо равишу усули хосси худ, эътирофи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур ва нақши бориз дорад.

Албатта, мо хуб дарк мекунем, ки ин саодату шукуфоии кишвар, рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ тавассути сиёсати хирадмандонаю прагматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид. Дар партави сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ, кишвари мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.

Дар натиҷаи заҳматҳои мудовими мардуми шарифи Тоҷикистон ва сиёсати амалгароёнаи ҳукумати ҷумҳурӣ, мо тавонистем дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босруъати кишвар, ки ҳамчун чор ҳадафи стратегии кишвар  муайян шудаанд, пешравиҳои назаррас ба даст орем.

Ҳамзамон, аз нигоҳи таърих як нуктаи муҳимро махсусан барои ҷавонон, мехоҳам таъкид намоям, ки истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 ба осонӣ ба даст наомадааст. Чуноне, Пешвои миллат дар суханрониҳои хеш борҳо ба вежа қайд кардаанд, заминаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатии мо аз ҳисси ватанхоҳию амалкарди қаҳрамонони миллати тоҷик маншаъ мегирад. Бинобар ин, насли имрӯзро мебояд, ба муборизаҳои ҷоннисоронаи Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, хидматҳои тақдирсози устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин муаррифгарии халқи тоҷик тавассути ашъори қосиди сулҳ дар ҷаҳон Мирзо Турсунзода арҷ гузорад.

Бар пояи чунин заминаи мустаҳкам абармарди таърихӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати меъмори давлати навини тоҷикон, масири амну суботро муайян ва ҷумҳурии соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро барпо карданд.

 

Ҳозирини муҳтарам,

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳониён наздик кард ва сиёсати «дарҳои кушода» боиси болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Маҳз татбиқи чунин сиёсати дурбинона робитаҳои Тоҷикистонро бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, ба вежа дар минтақа, мустаҳкаму фарогир ва ҳусни эътимодро бо онҳо амиқтар кард. Таваҷҷуҳи баланди доираҳои бонуфузи соҳибкорӣ ва теъдоди бешумори сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз он муваффақиятҳоест, ки дар натиҷаи роҳандозии сиёсати “дарҳои кушода” муяссар шуд.

Тоҷикистон дар зарфи беш аз се даҳсола ба дастовардҳои зиёде ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлол ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Нақши давлати мо махсусан дар созмонҳои бонуфуз зимни ҳалли масъалаҳои мубрами аҳамияти ҷаҳонию минтақавӣ дошта, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологию иқлим ва об, муассир ва созанда арзёбӣ мегардад.

Мо аз он қаноатмандем, ки аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба сифати як кишвари пешоҳанг, ки дар асолати хиради азалии тоҷикон бунёд ёфтаанд, эътироф намуда, дар ин масири созандагӣ бо мо ҳамёри боэътимод гардидаанд.

Тоҷикистон дар даврони Истиқлол дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ ҳамкории босамаре бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба роҳ монд. Дар ин росто кишвари мо мизбони якчанд нишастҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо терроризм буд.

Ҳамаи ин иқдомҳо, ки бевосита бо ҳидояти муҳтарам Пешвои миллат роҳандозӣ шуданд, Тоҷикистонро дар баробари мавзӯи об, дар масъалаи мубориза бо терроризм ҳам ба як кишвари ташаббускор ва пешсаф табдил доданд.

Таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар заминаи эҳтирому эътимоди муттақобила ва рушди рӯзафзуни минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Азми қатъии мо дар ин ҷода аз имкониятҳои фаровон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарии дуҷониба, ки дар таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард, маншаъ мегирад.

 

Ҳамкорони арҷманд,

Вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ дар минтақаи мо солҳои охир боз ҳам мураккаб гаштааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки бозигарони сатҳи ҷаҳонӣ барои пешбурди манфиатҳои худ дар минтақа хеле фаъол шудаанд. Онҳо бо истифода аз камтарин имконот ҳам талош доранд, ки нуфузи худро дар минтақа пурзӯр кунанд. Дар чунин шароит Тоҷикистон, бояд дар муносибатҳои байналмлалӣ гомҳои санҷидаву мутавозин баҳри ҳифзи манофеи миллӣ гузошта, ҳамкориҳоро бо ҳамаи кишварҳо бар мабнои манфиатҳои миллӣ тақвият бахшад.

Чуноне маълум аст, ҳадафи чоруми стратегии ҷумҳурӣ, саноаткунонии босуръат мебошад ва ҳамчунон возеҳ аст, ки расидан ба ин ҳадаф, ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо мекунад. Дар зимн Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварро зарур аст, ки дар самти ҷалби сармоя фаъол бошанд.

Мусоидат ба таҳкими симои мусбати Тоҷикистон дар хориҷа барои низоми сиёсати хориҷӣ ҳамчунон, яке аз масъалаҳои меҳварии фаъолият боқӣ мемонад. Мо бояд хуб дарк намоем, ки масоили ҳифзи мартабаву манзалат ва обрӯю эътибори Тоҷикистон, инчунин шарикии боэътимод, ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад.

Дар шароите, ки буҳронҳои амниятиву иқтисодӣ зиндагии мардумро дар саросари олам зери таъсири манфӣ қарор медиҳад, таъмини суботу амният ва тамомияти арзии Меҳан, пойдории мавқеи устувору ҳадафмандонаи давлат ва роҳандозии манфиатҳои миллӣ, қарзи шаҳрвандӣ, рисолати муҳим ва муқаддаси ҳар яки мову шумост.

Дар ин росто дипломатҳои ҷавони мо, бояд аз таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ огоҳ буда, нуктадону нуктасанҷ, хушгуфтору донишманд бошанд. Бо дарки ҳуввияти миллӣ ва донишмандӣ, омода ба ҳимояи манофеи давлату миллат дар дохилу хориҷи Тоҷикистон бошанд ва дар зеҳн аз фармудаи Фирдавсии бузург кор гиранд:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад!

Зимнан, дар ин масири пурмасъул, аммо боифтихор, ба ҳамаи шумо комёбиҳои беназир орзумандам.

Бори дигар ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Сипосгузорам. 

Нигористон

Тақвим