Мулоқот бо мудири кулли Фонди Кувайт

06.09.2023 16:45

06.09.2023.16.47.jpeg

5 сентябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар сурат гирифт.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ, такмили фазои сармоягузорӣ, саҳми Фонд дар татбиқи лоиҳаҳои авлавиятноки кишвар, инчунин иштироки намояндагони ҷониби кувайтӣ дар Форуми байналмилалии “Душанбе–Инвест 2023” ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим