
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Александр Турчин мулоқот анҷом дод.
Тарафҳо раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла густариши кооператсияи саноатӣ байни корхонаҳои вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус муҳокима намуданд. Тавофуқ ҳосил гардид, ки ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар мусоидат сурат гирад.
Б.Сафарзода ва А.Турчин оид ба дурнамои таъсиси корхонаҳои муштараки тоҷикистонӣ-беларусӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон ба имконоти транзитии Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли маводи ғизоӣ ва саноатӣ ба давлатҳои минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳамзамон дар мавриди иштироки эҳтимолии ширкатҳои агросаноатӣ ва саноати сабуки вилояти Минск дар ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои тадорукотии танзими сафари А.Турчин ба Тоҷикистон табодули назар карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan