18 августи соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Абдураҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев эътимодномаи худро супорид.
Дипломати тоҷик дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Озарбойҷон расонид.
Дар ҷараёни суҳбат, ки пас аз супоридани эътимоднома баргузор гашт масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan