Эълони бақайдгирии ВАО

18.08.2023 16:52

Рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма барои инъикоси Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал даъват карда мешаванд.

14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.

Дар робита ба ин, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ бояд то 5 сентябри соли 2023 ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи иштироки худ дар ин чорабинӣ тавассути почтаи электронии informdepartment@mfa.tj хабар дода, маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.

Барои намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷие, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия шудаанд:

- ному насаб;

- вазифаи ишғолнамуда;

- номи воситаи ахбори омма;

- сурати 3,5х4,5 см (300 dpi, JPEG);

- суроғаи почтаи электронӣ.

Барои намояндагони ВАО-и хориҷие, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия нашудаанд:

- ёддошти сафорат ё нома аз ҷониби роҳбари васоити ахбори омма дар бораи аккредитатсия бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат, вазифа ва таҷҳизоти техникӣ;

- сурати 3,5х4,5 см (300 dpi, JPEG);

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи ВАО;

- шарҳи ҳоли хабарнигор;

- саволномаи (анкета, PDF) пуркардашуда;

- суроғаи почтаи электронӣ.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим