Оид ба вохӯрии сафир бо раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Минск

07.08.2023 09:29

07.08.2023.09.28.png

4 августи соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Кухарёв Владимир мулоқот анҷом дод.

Тарафҳо раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ байни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо моҳияти хоси дӯстонаи ҳамкориҳои тарафҳо байни ду кишварро дар умум ва пойтахтҳоро ба таври хос баён намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим