3 августи соли 2023 дар қароргоҳи ИДМ дар шаҳри Минск мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода бо дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев доир гардид.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунсамтаро дар доираи рӯзномаи ҷории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд.
С.Лебедев сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Беларус муваффақият орзӯ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan