3 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурад Кочмурадовро қабул намуд.
Пас аз анҷоми маросим мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири навтаъйин баргузор гардид. Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин сафири Туркманистонро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти кориаш муваффақият таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan